Системаи таҳсилоти фосилавӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Таҳсил дар системаи таҳсилоти фосилавӣ

     Системаи таҳсилоти фосилавӣ - ин шакли қулаи омӯзиши таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти хондани таҳсили рӯзона ё ғоибонаро надоранд пешбинӣ шудааст. Интернет-технология барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ-методӣ ва барои ҳамкории донишҷӯ бо омузгор ба воситаи шабакаи глобалии интернет кор фармуда мешавад. Омӯзиш дар система сифати кори мустакилонаи донишҷӯёнро баланд мегардад, кор бо компютер имконият имконият медихад, ки хисобкунихо бо дараҷаи баланд иҷро карда шаванд. Навиштани корҳои семестрӣ ва истифодабарии маводҳои шабакаи глобалӣ барои омӯзиши чуқури мавзӯъҳо мусоидат мекунад.

     Дар донишкадаи мо барои роҳандозии ин намуди таҳсил ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар донишкада 50 ташхисгоҳҳои муосир ва утоқҳои махсус, 8 синфхонаҳои лингафонӣ, 15 синфхонаҳои компютерӣ ва дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии ИНТЕРНЕТ барои донишҷӯён пешкаш гардидааст. Донишкада бо беш аз 50 муассисаҳои олии пешрафтаи дунё шартномаи ҳамкорӣ дорад. Устодони донишкада имконият доранд, дар ин гуна муассисаҳои олӣ савияи касби худро боло бардоранд. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ қабули довталабонро барои таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои :

  • 40.01.02 Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар иқтисодиёт
  • 25.01.04 Молия ва қарз
  • 25.01.07 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо
оғоз кардааст.

© 2013-2024 ДПДТТХ, Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд.